Тақвим

<< < Май 2015 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Хазина. Ноябр 2017

  • Маълумот барои алоқа'  Нишонии нашриёт: Тоҷикистон, ш. Душанбе, 734025, х. Рӯдакӣ  21а, АИКТ Тел: (+99327) 221-70-04, 227-70-77 Индекси обуна: 77692 e-mail:aikt91@mail.ru; taskhn@mail.ru www.сањифа:www.taas.tj

    27.11.2017 20:58 

  • Қоидаҳо барои муаллифон '►Мақолае, ки барои нашр пешниҳод мегардад, бояд бо мактуби муассисае, ки дар он тањќиќот гузаронида шудааст ва пешнињоди аъзоёни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  ирсол карда шавад. ►Барои муҳокима дастнависҳое қабул карда мешаванд, ки дар барномаи MicrosoftWord, дар варақи сафеди андозааш  А-4, бо фосилаи 1,5 (дар як варақ, 30 сатр бо 60-64 нишона, ҳарфҳои чопии Times New Roman, кегл 14) тайёр карда шудааст. ►Ҳаҷми мақола на зиёдтар аз 10 саҳифа, бо матн ва ҷадвал (на зиёдтар аз 3), тасвирҳо (графика, расмҳо, диаграммаҳо, сурат (на зиёдтар аз 3), рӯйхати адабиёт (на зиёдтар аз 10 сарчашма), реферати мақола ва калимаҳои калидӣ бо забонњои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. ►Дар саҳифаи аввали дастнавис, дар боло аз тарафи рости саҳифа  бахши илм, ки мақола ба он мувофиқат мекунад, нишон дода шуда, як сатр поён дар тарафи чап индекси классификатсияи даҳӣ (УДК), дар мобайн-номи мақола, дар зери он ному насаби муаллиф, баъд дар сатри алоҳида мақола аз љониби кадом аъзоёни АИКТ пешниҳод гардидааст, оварда мешавад. ►Матн бояд бодиққат таҳрир гардида, дар охир аз љониби ҳамаи муаллифон бо нишон додани ному насаб, унвони илмӣ, вазифаи ишғолнамуда имзо шуда,  нишонӣ, почтаи электронӣ, телефон оварда шавад. Дар охир номи пурраи муассисае, ки дар он таҳқиқот гузаронида шудааст, ќайд мегардад. ►Ҳайати таҳририя барои нашр танҳо навиштаҷоти сиёҳу сафедро қабул мекунад. Расмҳо, графика, диаграммаҳо ва суратҳо дар варақи алоҳида бо чопи компютерӣ дар принтери лазерӣ бо иљозати на камтар аз 300 dpi (нуќта дар дюйм), қабул карда мешаванд. Ба ғайр аз ин маводҳо дар файлҳои алоҳида бо андозаи JPEG или TIFF бо иҷозати на камтар аз 300 dpi (нуќта дар дюйм)  пешнињод мегарданд. ►Воҳиди андозагирӣ дар асоси низоми байналмилалии СИ оварда мешавад. ►Формула ва аломатҳо дар як намуд чоп карда мешаванд. Формулаҳо рақамгузорӣ гардида, њатми ба сатри сурх дохил карда шуда, рақами формула дар қавс аз тарафи рост гузошта мешавад. ►Ќайд намудани ҳарфҳои калон ва хурди грекӣ ва лотинӣ, ихтисори калимањо ва ғайра мувофиқи талаботҳои умумӣ, ки барои маљаллањои илмӣ-техникӣ қабул карда шудааст, амалї мегардад. Ҳарфҳо ва аломатҳои душворфаҳм дар дастнавис бояд дар ҳошия ё ин ки замимаҳо нишон дода шаванд. ►Дар ҳамаи ҷадвалҳо ва расмњои овардашуда, додани ишора лозим аст. Такрор кардани ин ё он маълумот дар матн, ҷадвал ва  наќша роњ дода намешавад. ►Ишораҳо бо истифода бурдани  адабиёт дар қавсҳои чоркунҷа нишон дода мешаванд. Рӯйхати адабиёт дар охири мақола (на ба тарзи ишора) бо гузоштани рақам  вобаста ба ишора намудани он дар матн оварда шуда, бо тарзи зерин тартиб дода мешавад. ►Китобҳо: Ному насаби муаллиф. Номи пурраи китоб.-  Љойи чоп: Нашриёт, соли нашр.- Љилд ё ин ки нашр.- Миқдори умумии саҳифаҳо. ►Нашриёти даврӣ: Ному насаби муаллиф. Номгӯи мақола// Номгӯи маљалла. -Соли нашр. -Љилд ё Рақам. -Саҳифањои  аввал ва охири мақола. ►Ишораҳо ба корҳои чопнашуда иҷозат дода намешавад. ►Маблағ барои чоп аз аспирантон талаб карда намешавад. ►Ба муаллиф баргардондани дастнавис маънои онро надорад, ки мақола барои нашр қабул гардидааст. Матни ислоњшуда, бо назардошти камбудиҳои пешниҳодгардида, бо дастнависи аввала бозгардонида мешавад ва он бори дигар аз тарафи ҳайати таҳририя баррасї мегардад. ► Рӯзи қабули мақола, санаи пешнињоди нусхаи такмилгардидаи он, ба ҳайати таҳририя ҳисобида мешавад. ►Дар ”Гузоришҳои АИКТ” аз ҳар як муаллиф на зиёда аз ду мақола дар давоми сол нашр мегардад. Ин қоида ба академикҳо, аъзои вобастаи АИКТ ва дигар академияњо дахл надорад.

    27.11.2017 20:57 

  • Тартиби тақризи мақолаҳо'  Мақолаҳое, ки ба нашриёт ворид мешаванд, аз таҳрири пешакӣ мегузаранд (таҳрир аз тарафи ҳайати таҳририя-мутахассисони  соҳаҳои илм) ва бо тартиби муайян қабул карда мешаванд. Талабот оид ба тайёр кардани нусхаи аслии маќола дар “Қоидаҳо барои муаллифон” дарљ гардида, дар ҳар як шумораи маљалла, оварда мешавад. Баъдан ба мақолаҳо таќризи ҳайати аъзоёни таҳририяи маљалла ё муқарризони  соҳаҳои илм (номзад ва докторҳои илм) дода мешавад. Тақриз бояд асоснокии сифатҳои мақоларо дарљ намояд, аз ҷумла: навигарии илмї ва моњияти масъала,  арзиши таърихӣ ва воқеӣ, дуруст иқтибос кардан, тарзи баёнот, истифодаи сарчашмаҳои муосир, инчунин нишон додани камбудиҳои асоснокдоштаро дар бар гирад. Дар хулоса ба мақола баҳои умумӣ дода шуда, ба ҳайати таҳририя тавсия дода мешавад, ки мақола баъди коркард нашр карда шавад, барои тақризи иловагӣ ба мутахассиси соҳа равон карда шавад, ё ин ки ба нашр иҷозат дода нашавад. Њайати тањририяи маљалла ба муаллифони мақолањои пешнињодгардида, нусхаи таќризи мусбат ё асосноккунии рад намудани онро барои нашр пешнињод менамоянд. Мақолањо бо пешнињоди таќризгарон барои коркард ба муаллиф баргардонида мешаванд. Муаллифон бояд ба мақола тағйиротҳои лозимиро ворид намуда, нусхаи онро бо нусхаи электронӣ ва нусхаи авваларо ба нашриёт баргардонанд. Баъд аз тағйирот даровардан мақола аз нав таҳрир гардида, ҳайати таҳририя оид ба нашри он  хулоса мебарорад. Мақола дар ҳолати тақризи мусбӣ доштан ва дастгирӣ кардани ҳайати таҳририя ба нашр пешниҳод карда мешавад. Тартиб ва ба навбат гузоштани мақола аз санаи ворид гардидани нусхаи такмилгардида вобаста мебошад. Таҳрири дастнависҳо ба таври махфӣ гузаронида мешавад. Фош кардани маълумоти махфии тақриз ҳуқуқи муаллифро поймол мекунад. Ба муқарризон иҷозат дода намешавад, ки нусхаҳои мақоларо ба фоидаи худ нусхабардорӣ намоянд. Муқарризон, аз ҷумла аъзоҳои таҳририя ҳуқуқ надоранд, ки маълумоти дар дастнавис  мавҷудбударо то нашр шудани он ба манфиатҳои худ истифода баранд.              Тақриз дар бойгонии нашриёт ба муддати 5 сол нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми ба нашриёти маљалла ворид шудани дархост, нусхаи тақриз ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия равон карда мешавад.

    27.11.2017 20:56 

  • Ҳайати таҳририя'  Сармуҳаррир: Асозода Нуралї Маҳмадулло-доктори илмҳои кишоварзӣ, аъзои вобастаи  АИКТ, президенти АИКТ Ҷонишини сармуҳаррир: Саидов Саидҷамол Тоҷиддинович-доктори илмҳои кишоварзӣ, аъзои вобастаи АИКТ, ноиби президенти АИКТ Ҷонишини сармуҳаррир: Комилзода  Давлатҷон Қаюмӣ- доктори илмҳои кишоварзӣ, академики  АИКТ,  мушовири АИКТ Аъзоёни ҳайати таҳририя: Амиршоев Файзулло Сафарович – доктори илмҳои биологӣ, директори  Институти чорводории  АИКТ Аҳмадов Ҳукматулло Маҳмудович – доктори илмҳои  кишоварзї, академики  АИКТ, сарходими илмии Институти хокшиносии АИКТ Ахмедов Турсунбой Ахмедович –  доктори илмҳои кишоварзї, академики АИКТ, сарходими илмии Институти  боғпарварию  сабзавоткории АИКТ Буходуров Шукрулло Бурњонович – доктори илмҳои техникӣ, ҷонишини директор оид ба илми филиали Институти  боғпарварию  сабзавоткории  АИКТ дар вилояти Суғд Бухориев Толибек Аҳмадович – доктори илмҳои кишоварзї, академики  АИКТ, сарходими  илмии Институти    зироаткории АИКТ Гафаров Абдулазиз Абдуллофизович – доктори илмҳои техникӣ, сардори Раёсати КИТ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Иргашев Толибҷон Абидҷонович - доктори илмҳои кишоварзї, ходими пешбари илмии Институти чорводории АИКТ Мањмудов Камолљон Бурњонович-номзади илмњои  ветеринарї, саркотиби илмии АИКТ Мирзоев Давлаталї Мирзоевич  - доктори илмҳои ветеринарӣ, профессор, академики АИКТ, профессори кафедраи эпизоотология ва микробиологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Мирсаидов Аврор Бобоевич – доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Толиб Набиевич - доктори илмҳои кишоварзї, академики АИКТ, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Назиров Ҳикматулло Нуруллоевич - доктори илмҳои кишоварзї, директори Институти  боғпарварию сабзавоткории АИКТ Одинаев Шоҳин Талбакович – номзади илмҳои иқтисодӣ, котиби илмии Институти иќтисодиёти кишоварзии АИКТ Пиризода  Ҷалил Сафар – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики АИКТ, директори Институти иќтисодиёти кишоварзии АИКТ Рањимов Шарофҷон Тоҳирович - доктори илмҳои кишоварзї, мудири озмоишгоњи Институи чорводории АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло – доктори илмҳои кишоварзї, профессор, аъзои вобастаи АИКТ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Сафаров Мамадҷон – номзади илмҳои техникӣ, директори Маркази илмии механиконии кишоварзї ва технологияњои инноватсионии АИКТ Турдиев Шамсулло Абдуллоевич – доктори илмҳои биологї, директори  Институти масоили амнияти биологии АИКТ Шӯрои таҳририя Алтухов Анатолий Иванович – доктори илмҳои иқтисодї, академики  АИР,  мудири шуъбаи тақсимоти меҳнати ҳудудию соҳавї дар КАС-и Институти илмї-тањќиќотии умумироссиягии иќтисодиёти кишоварзї. Багиров Вугар Алиниязоглӣ–доктори илмҳои биологї, аъзои вобастаи  АИР, котиби илмии  шуъбаи зоотехникии Академияи  кишоварзии Россия Девришов Давуд Абдулсемедович - доктори илмҳои биологї, аъзои вобастаи  АИР, мудири кафедраи иммунология ва биотехнологияи Академияи давлатии тибби ветеринарї ва биотехнологияи ш. Москва- Академияи ветеринарии Москва ба номи. К.И.Скрябин Драгавсев Виктор Александрович- доктори илмҳои биологӣ, профессор, академики АИР,  сарходими илмии  ИИТ астрофизикаи  ш. Санкт-Петербург   Огнев  Олег Геннадевич – доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи  Усулњои иќтисодї-математикї, оморї ва информатикии Донишгоҳи давлатии аграрии Санкт-Петербург Сатторӣ Иззатулло – доктори илмҳои ветеренарӣ,  профессор, академики АИКТ, Вазири кишоварзии ЉТ, мушовири Институти ветеренарии АИКТ Фелалиев Акрамшо Саидшоевич – доктори илмҳои кишоварзї, академики АИКТ, сарходими илмии Институти биологии Помир  ба номи Х.Юсуфбекови  АИҶТ Котиби масъул: Ниъматов Мирзовалӣ- номзади илмҳои кишоварзї, мудири шуъбаи илмию созмондињии  АИКТ

    27.11.2017 20:56 

  • Сармуҳаррир'    Асозода Нуралї Мањмадулло    Сармуњаррири маљаллаи «Гузоришњои АИКТ», Президенти  Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон Аъзои вобастаи АИКТ, доктори илмњои кишоварзї.  Соли 1965 дар дењаи Шар-Шари Пушинги ноњияи Данѓараи вилояти Хатлони Љумњурии Тољикистон таваллуд шудааст. Соли 1981  мактаби миёнаи №1-и ноњияи Темурмаликро хатм намуда, тањсилро дар совхоз-техникуми ба номи В.В.Куйбешеви ноњияи Бохтар идома дод. Фаъолияти мењнатиашро соли 1984 ба њайси агрономи  Раёсати кишоварзии вилояти Кўлоб оѓоз намуд. Баъдан котиби Комитети комсомоли њуќуќи ноњиявї доштаи совхози «Кангурт»-и ноњияи Темурмалик интихоб гардид. Соли 1985 ба факултети агрономии Донишгоњи аграрии Тољикистон дохил шуда, соли 1990 онро хатм намуда, фаъолияти мењнатиашро дар вазифаи агроном доир ба њифзи растанињои  Раёсати кишоварзии ноњияи Љиликўл идома дод.Солњои 1990-1991-ходими хурди илмї, 1991-1994-аспиранти шуъбаи рўзона, 1994-1997 –ходими калони илмии Институти хокшиносии Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон. 1997-2005- сармутахассис ва сардори Раёсати ѓалла ва хўроки чорвои Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон. 2005- 2013 директори филиали Донишгоњи аграрии Тољикистон дар шањри Данѓара. Дар як ваќт корњои илмию тањќиќотиро идома дода, соли 1997 рисолањои номзадї ва 2012 докториро доир ба илмњои кишоварзї дифоъ намуд. Солњои 2013-2014- муовини директори Маркази миллии  тестї дар назди Президенти Љумњурии Тољикистон, 2014-2016 директори Институти зироаткории Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон, аз апрели соли 2016 президенти Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон таъйин шудааст. Соли 2016 аъзои вобастаи АИКТ интихоб гардид.            Асозода Н.М. њиссаи арзандаи худро дар рушди илми хокшиносї, агрокимиё   ва зироаткорї гузоштааст. Тањќиќотњои ў доир ба њалли масъалањои баланд бардоштани њосилхезии хок, такмил додани технологияи парвариши зироатњои кишоварзї равона гардидааст. Аз љониби ў усулњои мубориза бо таназзулёбии хок тарњрезї  ва  харитаи эрозияи хоки Љумњурии Тољикистон тартиб дода шудааст. Инчунин меъёрњои истифодаи нурињои минералї дар парвариши зироатњои ѓалладонагию лўбиёї  муайян гардидааст. Дастовардњои  илмии ў бо 4 патент њифз ва  дар истењсолот татбиќ  шудаанд. Муаллифи зиёда аз 80 кори илмї, аз он љумла 4 китоб ва монография, 11 тавсия ва дастурњои методию таълимї мебошад. Зери роњбарии ў 3 аспиранту унвољўй рисолањои илмиро иљро намуда истодаанд. Бо Ифтихорномаи Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида шудааст. Вазъи оилавї: оиладор, соњиби чор фарзанд. Тел./ факс: (992 37) 221 70 04,                                                                  е-mail: аikt91 @ mail.ru; taskh@mail.ru  

    27.11.2017 20:56 

  • Маълумот оид ба маҷалла'                                                                 ГУЗОРИШҲОИ АИКТ          Гузоришҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон-маљаллаи асосии илмӣ оид ба соњаи кишоварзии Тоҷикистон, нашрияи Раёсати АИКТ. Вазифаи асосии маљалла пеш аз њама нашри натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ки хусусияти аввалият доранд. Дар саҳифаҳои маљалла маълумот оид ба таҳқиқотҳои чопнашуда дар соњаи аграрӣ оварда мешавад. Муаллифони асосӣ аъзоёни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, инчунин дигар академияҳо, олимони намоёни ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ мебошанд. Ѓайр аз ин дар маљалла мақолаҳои кормандони институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, донишгоҳҳои олӣ, унвонҷӯёни дараҷаи илмӣ чоп карда мешаванд.Маљалла соли 1997 ташкил шудааст. Маљалла њар семоҳа нашр мегардад. Бо қарори Президиуми КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия маљаллаи “Гузоришҳои АИКТ” (“Доклады ТАСХН”) ба Номгӯӣ маљалла ва нашрияҳои пешқадами илмӣ, ки аз тарафи КОА барои нашри натиҷаи таҳқиқотҳои асосии диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзад ва доктори илм 23.05.2003, № 22/17 дохил гардида, 16.02.2007, № 7/24 ва....2009 аз нав ба қайд гирифта шудааст. Маљалла дар Вазорати фарҳанги ҶумҳурииТоҷикистон 13.06.1997, № 387 қайд гардида, 25.06.2009, №0096/ЭР ва 26.06.2015 №0096/ЖР аз нав ба қайд гирифта шудааст.Мавзӯъҳои мачалла:Илмҳои кишоварзи -06.00.00 (раванди аввалия);Илмҳои техникӣ - 05.00.00;Илмҳои иқтисодӣ - 08.00.00.Муассис: Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

    27.11.2017 20:54 


© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru