Тақвим

<< < Июн 2021 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
1 2 3 4 5 6
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Тартиби тақризи мақолаҳо

 

Мақолаҳое, ки ба нашриёт ворид мешаванд, аз таҳрири пешакӣ мегузаранд (таҳрир аз тарафи ҳайати таҳририя-мутахассисони  соҳаҳои илм) ва бо тартиби муайян қабул карда мешаванд. Талабот оид ба тайёр кардани нусхаи аслии маќола дар Қоидаҳо барои муаллифон” дарљ гардида, дар ҳар як шумораи маљалла, оварда мешавад. Баъдан ба мақолаҳо таќризи ҳайати аъзоёни таҳририяи маљалла ё муқарризони  соҳаҳои илм (номзад ва докторҳои илм) дода мешавад. Тақриз бояд асоснокии сифатҳои мақоларо дарљ намояд, аз ҷумла: навигарии илмї ва моњияти масъала,  арзиши таърихӣ ва воқеӣ, дуруст иқтибос кардан, тарзи баёнот, истифодаи сарчашмаҳои муосир, инчунин нишон додани камбудиҳои асоснокдоштаро дар бар гирад. Дар хулоса ба мақола баҳои умумӣ дода шуда, ба ҳайати таҳририя тавсия дода мешавад, ки мақола баъди коркард нашр карда шавад, барои тақризи иловагӣ ба мутахассиси соҳа равон карда шавад, ё ин ки ба нашр иҷозат дода нашавад.

Њайати тањририяи маљалла ба муаллифони мақолањои пешнињодгардида, нусхаи таќризи мусбат ё асосноккунии рад намудани онро барои нашр пешнињод менамоянд. Мақолањо бо пешнињоди таќризгарон барои коркард ба муаллиф баргардонида мешаванд. Муаллифон бояд ба мақола тағйиротҳои лозимиро ворид намуда, нусхаи онро бо нусхаи электронӣ ва нусхаи авваларо ба нашриёт баргардонанд. Баъд аз тағйирот даровардан мақола аз нав таҳрир гардида, ҳайати таҳририя оид ба нашри он  хулоса мебарорад. Мақола дар ҳолати тақризи мусбӣ доштан ва дастгирӣ кардани ҳайати таҳририя ба нашр пешниҳод карда мешавад. Тартиб ва ба навбат гузоштани мақола аз санаи ворид гардидани нусхаи такмилгардида вобаста мебошад. Таҳрири дастнависҳо ба таври махфӣ гузаронида мешавад. Фош кардани маълумоти махфии тақриз ҳуқуқи муаллифро поймол мекунад. Ба муқарризон иҷозат дода намешавад, ки нусхаҳои мақоларо ба фоидаи худ нусхабардорӣ намоянд.

Муқарризон, аз ҷумла аъзоҳои таҳририя ҳуқуқ надоранд, ки маълумоти дар дастнавис  мавҷудбударо то нашр шудани он ба манфиатҳои худ истифода баранд. 

            Тақриз дар бойгонии нашриёт ба муддати 5 сол нигоҳ дошта мешавад.

Ҳангоми ба нашриёти маљалла ворид шудани дархост, нусхаи тақриз ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия равон карда мешавад.



© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru